08.10.2026 09:39
Имрӯз, 8-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.
08.10.2026 09:38
Неруҳои мусаллаҳи Яман мегӯянд, як паҳподи ҳамлагари артиши Арабистони Саудиро дар осмони вилояти Таиз сарнагун кардаанд.
08.10.2026 08:25
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз анҷоми ҳамлаҳои мушакӣ ва тирандозӣ бар посгоҳҳои Толибон дар вилояти Кописо хабар додааст.
08.10.2026 08:14
Маҷаллаи «Атлантик» ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ хабар додааст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар пайи ёфтани гузинаҳое барои ҳамла ба Эрон пеш аз интихоботи миёндаврии ин кишвар аст.
08.10.2026 07:04
Вазорати тандурустии Русия эълом кардааст, ки пас аз марги яке аз кормандони Институти тадқиқотии зидди вабои Иркутск дар Сибир ва Шарқи Дур - “Роспотребнадзор”, хатари вуқуи ҳамагирӣ дар ин минтақа вуҷуд надорад.
07.10.2026 17:20
7-уми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо директори иҷроияи Департаменти барномаи роҳбарони ҷаҳонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Ким Ён Ран вохӯрӣ намуд.
07.10.2026 16:19
Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.
07.10.2026 15:17
Имрӯз, 7-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.