Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд
Кореяи Шимолӣ дар бораи Тайван ба Амрико ҳушдор дод
Кореяи Шимолӣ зимни ҳушдор додан ба Амрико дар бораи Тайван, ин кишварро ба далели фурӯши силоҳ ва пуштибонии низомӣ аз Тайван ба доман задан ба танишҳо дар Ховари Дур муттаҳам кардааст.
“Ройтерз”, субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 7-уми октябр, гузориш додааст, дар тафсире, ки аз ҷониби хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ нашр шудааст, омадааст, ки сиёсати Амрико дар қиболи Тайван сулҳ ва суботи минтақаро заиф мекунад.
Бар асоси гузориш, ин тафсир ҳузури ҷангандаҳои фурӯхташуда аз ҷониби Амрико ба Тайванро маҳкум карда ва изҳор доштааст, Иёлоти Муттаҳида бояд хуб андеша кунад, ки оё барои рӯёрӯии мустақим бо Чин ба хотири амнияти Тайван омодагӣ дорад ё на.
Ин дар ҳолест, ки Кореяи Шимолӣ дар ҳафтаҳои ахир чанд бор мушакҳои баллистикиро ба сӯйи соҳилҳои шарқии худ дар баҳри Чин партоб карда ва ба нигарониҳо дар минтақа афзудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кореяи Шимолӣ дар бораи Тайван ба Амрико ҳушдор дод
Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест
Мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Чинро дар майдони худ шикаст дод