Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Атлантик: Трамп пеш аз интихоботи миёндаврӣ ба дунболи ҳамла ба Эрон аст
Русия хатари ҳамагириро дар пайи марги корманди Институти тадқиқотии вабо рад кард
Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз анҷоми ҳамлаҳои мушакӣ ва тирандозӣ бар посгоҳҳои Толибон дар вилояти Кописо хабар додааст.
Ин ҷабҳа шаби чоршанбе, 7-уми октябр дар саҳифаи “Х” навиштааст, ки ин ҳамла субҳи рӯзи чаҳоршанбе анҷом шудааст.
Бар асоси гуфтаи Ҷабҳаи озодии Афғонистон, неруҳои ин ҷабҳа дар минтақаи Пӯзаи Хамзаргари вилояти Кописо, посгоҳҳои гурӯҳи террористии Толибонро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.
Ба гуфтаи Ҷабҳаи озодӣ, дар ин ҳамла, ки ҳудуди 20 дақиқа давом доштааст, дастикам 3 толиб кушта ва 2 тани дигар захмӣ шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Ҷабҳаи озодӣ аз даргирӣ бо гурӯҳи Толибон дар вилояти Нуристон низ хабар додааст.
Бо ин ҳол, дар моҳҳои пасин, ҳамлаҳои ҷабҳаҳои мухолифи гурӯҳи Толибон дар нуқоти мухталифи Афғонистон бар ин гурӯҳ афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон
Хадамоти алоқа ва ЮНИСЕФ масъалаи ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамиро баррасӣ карданд
Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Туркманистон рафтанд
Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод