Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Атлантик: Трамп пеш аз интихоботи миёндаврӣ ба дунболи ҳамла ба Эрон аст
Русия хатари ҳамагириро дар пайи марги корманди Институти тадқиқотии вабо рад кард
Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд
Русия хатари ҳамагириро дар пайи марги корманди Институти тадқиқотии вабо рад кард
Вазорати тандурустии Русия эълом кардааст, ки пас аз марги яке аз кормандони Институти тадқиқотии зидди вабои Иркутск дар Сибир ва Шарқи Дур - “Роспотребнадзор”, хатари вуқуи ҳамагирӣ дар ин минтақа вуҷуд надорад.
Расонаҳои Русия рӯзи панҷшанбе, 8-уми октябр гузориш додаанд, ки ин корманди озмоишгоҳ, ки 28 сол дошт, ҷумъаи гузашта бар асари зотулрия бо сабаби номуайян ҷон бохтааст.
Бар асоси гузориш, дар пайи ин ҳодиса, ки нигарониҳои байналмилалӣ, аз ҷумла нигаронии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро барангехт, дар ибтидо тахминан 200 нафар карантина шуданд.
Ин дар ҳолест, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз Маскав хостааст маълумоти бештаре дар бораи сабаби марги ин фард ироа кунад.
Тедрос Адханом Гебрейесус, мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, рӯзи чаҳоршанбе изҳор дошт, ки ин созмон барои дарки дақиқи ин ҳолат, ба маълумоти бештаре аз сӯйи Русия ниёз дорад.
Бо ин ҳол, Гебрейесус дар ибтидо эълом карда буд, ки бар асоси маълумоти мавҷуд, хатари ин ҳолатро дар Русия барои ҳамаи мардум поин арзёбӣ мекунад: аммо рӯзи чаҳоршанбе дар як конфронси матбуотӣ гуфтааст, ки ба далели нокофӣ будани маълумоти ироашуда аз сӯйи мақомоти Русия, имкони анҷоми арзёбии комилтари хатар вуҷуд надорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон
Хадамоти алоқа ва ЮНИСЕФ масъалаи ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамиро баррасӣ карданд
Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Туркманистон рафтанд
Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод