8 Октябр 2026,
панҷшанбе, 13:00, Душанбе
08.10.2026 09:38

Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод

Неруҳои мусаллаҳи Яман мегӯянд, як паҳподи ҳамлагари артиши Арабистони Саудиро дар осмони вилояти Таиз сарнагун кардаанд.

Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман, рӯзи панҷшанбе гуфтааст, ки паҳпод аз навъи “Байрактар Акинҷӣ” (Bayraktar Akıncı), сохтаи Туркия будааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин паҳпод ҳангоми анҷоми “амалиёти душманона” дар Яман бо истифода аз силоҳи муносиб ҳадаф қарор гирифта ва сарнагун шудааст.

Сареъ ҳамчунин, эълом кардааст, ки неруҳои яманӣ қароргоҳи неруҳои Арабистони Саудиро дар урдугоҳи Қаъва, воқеъ дар минтақаи Расул-Араъ дар ҷануби Бобулмандаб, инчунин, дар минтақаи Сақия, бо мушакҳои баллистикӣ ҳадаф қарор додаанд.

Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман гуфтааст, ки майдони ҳавоии “Малик Холид” дар Риёз низ бо мушакҳои баллистикӣ ҳадаф қарор гирифтааст.

Пеш аз ин, манобеи саудӣ аз рух додани чанд таркиш дар Риёз ва қатъ шудани фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии “Малик Холид” хабар дода буданд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

08.10.2026 11:31

Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

7-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваза”-и Туркманистон иштирок намуд.
08.10.2026 11:29

Хадамоти алоқа ва ЮНИСЕФ масъалаи ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамиро баррасӣ карданд

Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми сардори Хадамот Парвиз Нориён бо Майлз Ҳасти, роҳбари самти таъсири рақамии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) мулоқот намуд.
08.10.2026 09:39

Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Туркманистон рафтанд

Имрӯз, 8-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.
08.10.2026 08:14

Атлантик: Трамп пеш аз интихоботи миёндаврӣ ба дунболи ҳамла ба Эрон аст

Маҷаллаи «Атлантик» ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ хабар додааст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар пайи ёфтани гузинаҳое барои ҳамла ба Эрон пеш аз интихоботи миёндаврии ин кишвар аст.
08.10.2026 07:04

Русия хатари ҳамагириро дар пайи марги корманди Институти тадқиқотии вабо рад кард

Вазорати тандурустии Русия эълом кардааст, ки пас аз марги яке аз кормандони Институти тадқиқотии зидди вабои Иркутск дар Сибир ва Шарқи Дур - “Роспотребнадзор”, хатари вуқуи ҳамагирӣ дар ин минтақа вуҷуд надорад.
07.10.2026 17:20

Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд

7-уми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо директори иҷроияи Департаменти барномаи роҳбарони ҷаҳонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Ким Ён Ран вохӯрӣ намуд.
07.10.2026 16:19

Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.
07.10.2026 12:04

Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ихтилофот миёни Толибон (гурӯҳи террористӣ) ва Покистон боис шуд, ки нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон натавонад ба санади ниҳоӣ даст ёбад.