8 Октябр 2026,
панҷшанбе, 13:00, Душанбе
08.10.2026 08:14

Атлантик: Трамп пеш аз интихоботи миёндаврӣ ба дунболи ҳамла ба Эрон аст

Маҷаллаи «Атлантик» ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ хабар додааст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар пайи ёфтани гузинаҳое барои ҳамла ба Эрон пеш аз интихоботи миёндаврии ин кишвар аст.

«Атлантик», субҳи рӯзи панҷшанбе, 8-уми октябр, гузориш додааст, ки ин барномарезӣ нишондиҳандаи тамоюли шадиди Трамп ба коҳиши нархи бензин ва намоиши пешрафт дар ин муноқиша пеш аз баргузории интихобот аст.

Бар асоси гузориш, Кохи Сафед аз Пентагон хостааст, то гузинаҳоеро барои ҳамла ба аҳдофи эронӣ таҳия кунад, ки имкони иҷрои онҳо дар ҳафтаҳои пеши рӯ вуҷуд дошта бошад.

Дар гузориш омадааст, ки ҳадафи ҳамлаҳои эҳтимолӣ ва ҳамчунин, ин ки оё ҳукумат дар ниҳоят даст ба чунин иқдом хоҳад зад ё не, ҳамчунон мавзуи баҳсу баррасӣ аст.

Ин дар ҳолест, Трамп дар чанд рӯзи ахир борҳо гуфтааст, ки ба ҷанг бо Эрон, чӣ аз тариқи мусолиматомез ва чӣ ғайримусолиматомез, поён хоҳад дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

08.10.2026 11:31

Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

7-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваза”-и Туркманистон иштирок намуд.
08.10.2026 11:29

Хадамоти алоқа ва ЮНИСЕФ масъалаи ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамиро баррасӣ карданд

Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми сардори Хадамот Парвиз Нориён бо Майлз Ҳасти, роҳбари самти таъсири рақамии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) мулоқот намуд.
08.10.2026 09:39

Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Туркманистон рафтанд

Имрӯз, 8-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.
08.10.2026 08:14

Атлантик: Трамп пеш аз интихоботи миёндаврӣ ба дунболи ҳамла ба Эрон аст

Маҷаллаи «Атлантик» ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ хабар додааст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар пайи ёфтани гузинаҳое барои ҳамла ба Эрон пеш аз интихоботи миёндаврии ин кишвар аст.
08.10.2026 07:04

Русия хатари ҳамагириро дар пайи марги корманди Институти тадқиқотии вабо рад кард

Вазорати тандурустии Русия эълом кардааст, ки пас аз марги яке аз кормандони Институти тадқиқотии зидди вабои Иркутск дар Сибир ва Шарқи Дур - “Роспотребнадзор”, хатари вуқуи ҳамагирӣ дар ин минтақа вуҷуд надорад.
07.10.2026 17:20

Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд

7-уми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо директори иҷроияи Департаменти барномаи роҳбарони ҷаҳонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Ким Ён Ран вохӯрӣ намуд.
07.10.2026 16:19

Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.
07.10.2026 12:04

Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ихтилофот миёни Толибон (гурӯҳи террористӣ) ва Покистон боис шуд, ки нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон натавонад ба санади ниҳоӣ даст ёбад.