Кореяи Шимолӣ дар бораи Тайван ба Амрико ҳушдор дод
Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ихтилофот миёни Толибон (гурӯҳи террористӣ) ва Покистон боис шуд, ки нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон натавонад ба санади ниҳоӣ даст ёбад.
Лавров рӯзи сешанбе, 6-уми октябр, дар як нишасти хабарӣ ихтилофоти миёни Толибон ва Покистонро як рӯйдоди “нохушоянд” хонда, аммо таъкид кард, ки онро “фоҷиа” намедонад ва рух додани чунин таҳаввуле қобили пешбинӣ буд.
Ӯ афзуд, ки таниш миёни Толибон ва Исломобод то андозае ба фаъолияти шохаи покистонии ДОИШ ва ҳамлаҳои ин гурӯҳ дар ду кишвар марбут аст.
Лавров гуфтааст, ки ин гурӯҳ дар Афғонистон ва Покистон даст ба ҳамлаҳои террористӣ мезанад ва мушкилоте эҷод мекунад.
Вазири корҳои хориҷии Русия таъкид кардааст, ки Толибон ва Покистон ҳарду ба одисозии муносибатҳо манфиатдоранд ва Русия низ барои ҳалли мушкилот миёни ду кишвар талош мекунад.
Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки яке аз дарсҳои асосии вазъи кунунӣ, хотима додан ба дахолати кишварҳои берун аз минтақа дар умури Афғонистон ва Покистон аст.
Лавров решаи шаклгирии ДОИШ-ро ба ҳамлаи Амрико ба Ироқ марбут дониста ва афзудааст, ки ин сохтори террористӣ баъдан дар дигар нуқоти ҷаҳон низ густариш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо