Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Дар Вилояти Баткен мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон Ва Қирғизистон баргузор гардид
Ҷонибҳо оид ба тавсифи гузариши хатти сарҳади давлатии тоҷикистону қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда пешниҳодҳо мубодила карданд.
Аз 25 феврал то 3 марти соли 2024 дар Вилояти Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
ДАР ИН бора НИАТ Ховар бо истинод ба КДНБ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти манбаъ, ҷонибҳо оид ба тавсифи гузариши хатти сарҳади давлатии тоҷикистону қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда пешниҳодҳо мубодила карданд. Ҳамчунин дар бораи идомаи кор дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад, ба мувофиқа расиданд.
"Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт", – қайд мекунад манбаъ.
Манбаъ: Sugdnews
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”