Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Дипломати аршади тоҷик дар Бағдод рушди ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард
Кормандони хукумати Исфара ба омӯзиши забони англисӣ шурӯъ карданд
Курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар назди мақомоти Иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кушода шудаанд.
"Кормандони маъмурият дар баробари саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа Ва ҳалли мушкилоти аҳолӣ кӯшиш мекунанд, ки малакаҳои касбии Худро такмил диҳанд ва инчунин забонҳои хориҷиро омӯзанд", – гуфт сухангӯи Шаҳрдории Исфара Зубайдулло Шомадов.
Бо мақсади иҷрои супоришҳои сарвари давлат ва татбиқи фармони президент аз 18 марти соли 2024 "дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ" дар назди мақомоти Иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр курсҳои забонӣ таъсис дода шуданд. Ба гуфтаи Шомадов, дар курсҳои кормандони маъмурият дар як ҳафта се маротиба дарсҳои омӯзиши забони англисӣ гузаронида мешаванд.
"Курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ, аз ҷониби омӯзгорони ботаҷриба гузаронида мешаванд. Бояд қайд кард, ки донистани якчанд забон имкониятҳои хизматчии давлатиро васеъ намуда, ба ин васила имкон медиҳад, ки иқтидори худро дар соҳаҳои гуногуни фаъолият самаранок амалӣ намояд. Маълумоти умумии шахс ва сатҳи баланди тахассус дар соҳаи интихобшудаи фаъолияти меҳнатӣ аз омӯзиши забонҳои хориҷӣ вобаста аст", - хулоса кард ӯ.
Манбаъ: SugdNews
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад