Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”
Соҳибкорони Хатлон бо имкониятҳои нави рақамӣ ва сармоягузорӣ шинос шуданд
Дар даври сеюми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 ҳазору 484 довталаб иштирок мекунад
Аз 2 миллион то 50 миллиард расид. Дана Уайт арзиши UFC-ро гуфт
Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”
Субҳи имрӯз, 7-уми октябр мунтахаби Аргентина бо тими миллии Бенин рақобат кард ва бозии мазкур бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо ба анҷом расид. Дар ҳар се гол Месси саҳм дорад, яъне як гол ба самар расониду ду паси головар дод.
Дар дидори мазкур футболбози аргентинӣ Леонел Месси охирин бозии худро дар ҳайати мунтахаби Аргентина анҷом дод.
“Ташаккур ба ҳама. Аввалин шахсе, ки ҳоло дар борааш фикр мекунам, падарам аст. Ростӣ, ман мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам, вале медонам, ки вақти рафтан шудааст ва бояд равам. Ман тамоми қувватамро барои ин пироҳам додам, зиёда аз 20 сол барои ғолибият мубориза бурдам ва ҳеҷ гоҳ ақибнишинӣ накардам”, - гуфтааст Месси.
Бояд гуфт, ки Леонел Месси соли 2005 ба тими миллии Аргентина шомил гардид ва соли 2022 қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон шуд. Ӯ дар ҳайати тими миллии Аргентина 208 бозӣ гузаронида, 126 гол ва 69 паси головар дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кореяи Шимолӣ дар бораи Тайван ба Амрико ҳушдор дод
Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест
Мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Чинро дар майдони худ шикаст дод