Дар даври сеюми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 ҳазору 484 довталаб иштирок мекунад
Аз 2 миллион то 50 миллиард расид. Дана Уайт арзиши UFC-ро гуфт
Игор Ангеловский: “Нисбат ба мо қарори ноадолатона қабул шуд”
Огоҳӣ: дар баъзе минтақаҳо сел ва дар бархеи дигар хокбориш пешгӯӣ мешавад
Дар даври сеюми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 ҳазору 484 довталаб иштирок мекунад
6-уми октябр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти даври якум ва дуюми озмун дар соли 2026, омодагӣ ба баргузории даври сеюм, тасдиқи ҷадвали рӯзҳои баргузории даври сеюм ва ҳайати ҳакамон баррасӣ гардиданд.
Манбаъ навиштааст, ки соли равон ду даври озмун баргузор гардида, дар даври якум 368 ҳазору 291 нафар ва дар даври дуюм 75 ҳазору 795 нафар иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 ҳазору 484 довталаб иштирок менамоянд, ки аз ин шумора, 3 ҳазору 584 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 373 донишҷӯ, 38 нафар магистранту аспирант, 385 омӯзгор ва 104 нафар намояндаи дигар қишрҳои ҷомеа мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кимиё Хотун: духтари Мавлоно ё зани фаромӯшшуда. Издивоҷи ӯ бо Шамси Табрезӣ ба як “сирри таърихӣ” табдил ёфт?
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд
Рубио: “Узвияти Украина дар НАТО дар ҳоли ҳозир матраҳ нест”