Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Кимиё Хотун: духтари Мавлоно ё зани фаромӯшшуда. Издивоҷи ӯ бо Шамси Табрезӣ ба як “сирри таърихӣ” табдил ёфт?
Дар расонаҳо ва сарчашмаҳои таърихӣ менависанд, ки Кимиё Хотун дар яке аз маъруфтарин хонадонҳои ҷаҳони ирфон ба воя расид, бо марде издивоҷ кард, ки дӯстӣ ва робитаи ӯ бо Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ тамоми ҳаёти шоири бузургро тағйир дод ва баъд, ногаҳон аз саҳнаи таърих нопадид шуд. Кимиё Хотун кист? Духтари Мавлоно, духтари ҳамсари ӯ аз издивоҷи пешин ё духтари ятиме, ки дар оилаи Мавлоно парвариш ёфт?
Суол то имрӯз посухи ягона надорад
Кимиё Хотун дар чанд сатри манбаъҳои қадимӣ пинҳон шудааст, вале баъдтар нависандагон ва муҳаққиқон аз ҳамин чанд ишора ривоятҳои таърихӣ сохтаанд. Қиссаҳое, ки баъзан аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд.
Ва, маҳз, ҳамин норасоии далелҳои Кимиё Хотунро ба яке аз чеҳраҳои пурасрори зиндагии Мавлоно ва Шамси Табрезӣ табдил додааст.
Ин қисса аз Қуния оғоз мешавад
Мавлоно дар Қуния зиндагӣ мекард. Шаҳре, ки дар асри XIII ба маркази муҳимми илму ирфон табдил ёфта буд. Соли 1244 марде ба номи Шамси Табрезӣ ба Қуния омад. Мулоқоти ӯ бо Мавлоно оғози муносибате шуд, ки ба яке аз машҳуртарин қиссаҳои таърихии тасаввуф табдил ёфт.
Бар асоси таҳқиқоти Бунёди таҳқиқоти Эрон Шамс донишманд ва орифе буд, ки омаданаш ба Қуния, дар соли 1244 ба ҷаҳонбинии Мавлоно таъсири амиқ гузошт. Мавлоно то он вақт ба ҳайси донишманд ва фақеҳ шинохта мешуд, ба Шамс чунон наздик шуд, ки ин робита мухолифони зиёде пайдо кард ва дар бораи ин робита қиссаву ривоятҳои мухталиф навиштаанд.
Баъди дӯстии Мавлоно бо Шамс исми дигаре дар маркази равобити ин ду ориф қарор гирифт. Ин зани ҷавон Кимиё Хотун буд, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ дар борааш маълумот ва санадҳои дақиқ хеле кам аст. Имрӯз равобити заношуии Кимиё Хотун бо Шамси Табрезӣ яке аз мавзуъҳои диққатбарангез дар расонаҳои аврупоӣ аст. Бархе нависандагони аврупоӣ ҳатто дар бораи Кимиё Хотун роман навиштаанд, ки муҳтавои он бо он чӣ дар сарчашмаҳои шарқӣ дар бораи Кимиё Хотун ҳаст, фарқ мекунад.
Чӣ дар Шарқ ва чӣ дар Ғарб ин суол пайдо мешавад, ки Кимиё Хотун кӣ буд? Ӯ воқеан духтари Мавлоно буд?
Ин ду суол қиссаро мураккабтар менамояд.
Бархеҳо дар китобу матлабҳои интернетӣ Кимиёро “духтари Мавлоно” гуфтаанд. Дар сарчашмаҳои адабиву таърихӣ низ ба он ишора мекунанд, ки Кимиё Хотун духтари Мавлоно аст. Як чиз инкорнопазир аст, ки Кимиё Хотун дар муҳити хонаводагии Мавлоно бузург шудааст ва Мавлоно ӯро ба Шамси Табрезӣ бахшидааст.
Ин масъала ҳам рӯшан аст, ки то ҳанӯз дар мавриди духтари Мавлоно будани Кимиё Хотун шак ва гумон зиёд аст ва муҳаққиқон бо эҳтиёт дар бораи он менависанд.
Ллойд Риҷеион, муҳаққиқи таърихи тасаввуф, дар таҳқиқооти худ дар робита ба занони даврони Мавлоно менависад, ки Кимиё Хотун “дар хонаи Румӣ ба воя расида буд” ва эҳтимолан дар он ҷо таълими динӣ гирифтааст. Ин муҳаққиқ Кимиё Хотунро духтари биологии Мавлоно намешуморад.
“Дар пажӯҳишҳои вобаста ба занони муҳити Румӣ зикр шудааст, ки Кимиё Хотун дар хонаи Мавлоно ба воя расид, эҳтимол таълими динӣ гирифта буд ва баъдан Шамси Табрезӣ ӯро ба ҳамсарӣ хост”- зикр мекунад Ллойд Риҷеион
Муҳаққиқи дигари аврупоӣ Бруно Де Никола дар бораи Кимиё Хотун дар як мақолаи пажӯҳишӣ менависад, ки “Зани дигар бо номи Кимиё Хотун низ дар хонаи Румӣ ба воя расида буд ва то он замон таълими динӣ гирифт, ки Шамси Табрезӣ ӯро аз Мавлоно ба ҳамсарӣ хостгорӣ кард”.
Дар як пажӯҳиши дигар зикр мешавад, ки Кимиё Хотун, аз зани дуюми Мавлоно буд, ки духтари шавҳари пешинааш буд. Дар ин сурат Кимиё духтари угайи Мавлоно мешуд, на духтари биологии ӯ. Вале ин версия низ баҳсбарангез аст.
Як пажӯҳиши муосири дигар, дар бораи муносибати Шамсу Кимиё таъкид менамояд, ки беҳтарин манбаи омӯзиши ин масъала “Мақолоти Шамсӣ Табрезӣ” аст, вале дар худи ин китоб низ бо сабаби сохтор ва ривоятҳои парокандааш барои бозсозии воқеаҳои таърихӣ мушкилоти зиёд вуҷуд дорад.
Аз ҳама чизи дақиқ ва маълум ин аст, ки Кимиё Хотун дар оилаи Мавлоно зиндагӣ кардааст. Муҳаққиқон дар ин масъала ба як назаранд, ки Кимиё Хотун бо оилаи Мавлоно робитаи мустақим доштааст.
Дар пажӯҳиши Ллойд Ридҷион зикр шудааст, ки Кимиё дар оилаи Балхӣ ба воя расид, то он замоне, ки Шамс ӯро барои издивоҷ хостгорӣ намудааст ва дар ҳамин муҳит зиндагӣ мекард.
Ин хеле нуктаи муҳим мебошад, зеро баъзе романҳои муосир Кимиё Хотунро ҳамчун духтари хурдсоле тасвир мекунанд, ки Мавлоно ӯро ба фарзандӣ қабул намуда, худаш ӯро тарбия кардааст. Ин ҷузъиёти таърихӣ аз ривоятҳои таърихӣ нақл мешавад ва ҳанӯз ба сифати як далели таърихӣ дар бораи Кимиё Хотун дар китобу мақолаҳо зикр мешавад.
Франклин Люис яке аз муҳаққиқони маъруфи Мавлоно таъкид менамояд, ки иттилооти таърихӣ дар робита ба Кимиё Хотун, яъне ниҳоят кам ва нозук аст.
Қиссаи хостгории Шамс аз Кимиё Хотун
Яке аз ривоятҳои ҷаззоби таърихӣ қиссаи хостгории Кимиё Хотун аз ҷониби Шамси Табрезӣ мебошад. Бар асоси яке аз пажӯҳишҳо Шамси Табрезӣ аз Мавлоно барои издивоҷ бо Кимиё Хотун хостгорӣ кардааст. Пажӯҳишгарон ӯро духтари Кира Хотун аз издивоҷи аввалаш медонанд, ки дар оилаи Мавлоно ба воя расида буд.
Дар ин пажӯҳиш синни Кимиё дар вақти издивоҷ тақрибан 14 сол гуфта мешавад. Ин дар ҳолест, ки Шамс марде дар синни беш аз 60 сол будааст, аммо ҷузъиёти синну сол низ бояд як бозсозии муҳаққиқон хонда шавад, на далели бидуни баҳс.
Муносибати Кимиё Хотун ва Шамс аз ҳамон замон мавзуи баҳс будааст. Чаро ин мавзуъ ҳамеша баҳсбарангез будааст, зеро Шамс барои Мавлоно фақат як дӯст ё омӯзгор набуд. Ӯ шахсе буд, ки ҳаёти руҳонии Мавлоноро, ба таври кулли дигар кард. Ва, ҳоло, ҳамон шахс бо духтаре аз оилаи Мавлоно издивоҷ намуда буд.
Кимиё Хотун зани зебо ва парҳезгор
Дар бораи Кимиё Хотун дар осор ва мақолаҳои интернетӣ маъуломоти зиёд аст. Дар ин навиштаҳо, Кимиё Хотун бо ҳусну ҷамоли зебо ва ҳамчун зани покдоман тасвир мешавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ривоятҳои таърихӣ Кимиё фақат як духтари ҷавон нест. Дар китоби “Маноқиб-ул-орифин”-и Шамсуддин Афлокӣ Кимиё ҳамчун зани зебову парзеҳгор васф мешавад. Ин сарчашма низ дар бораи ҷузъиёти зиндагии Кимиё Хотун маълумоти кам медиҳад.
Ва гӯё таърих номи ӯро фақат барои он нигоҳ доштааст, ки ӯ ҳамсари Шамс буд. Ин шояд яке аз фоҷеаҳои асосии қисса бошад. Зане, ки дар маркази як муносибти бузурги таърихӣ қарор дошт ва худ низ қариб аз таърих нопадид шуд.
Қадимитарин ривояти муҳим мегӯяд, ки Кимиё Хотун дар Ҳарами Мавлоно ба воя расидааст. Яке аз муҳаққиқон бо номи Сипаҳсолор менависад, ки ӯ “дар ҳарами Ҳазрати Худо ба воя” расида буд.
Мавлоно духтарашро ба муридаш бахшид
Яке аз аҷоибтарин нуктаҳои ривоятҳои таърихӣ дар бораи Кимиё Хотун издивоҷи ӯ бо муриди Мавлоно - Шамси Табрезӣ аст.
Дар мавриди издивоҷ ва зиндагии муштараки Кимиё бо Шамс ривоятҳои мухталиф вуҷуд доранд. Дар як ривоят зикр мешавад, ки Кимиё бо Шамс барои муддате зиндагӣ мекард ва бемор шуд.
Дар як ривояти машҳур зикр мешавад, ки баъди бозгашти Шамс ба Қуния ӯ дубора бо Мавлоно наздик шуд ва аз ӯ хоҳиш намуд, ки Кимиёро ба никоҳи ӯ дарорад. Сипаҳсолор ном муҳаққиқи эронӣ менависад, ки “...Шамсиддин илтимос намуд, ки Кимиё... дар қайди никоҳи ӯ дароварда шавад”.
Фланклин Люис тибқи ин асос менависад, ки Сипаҳсолор “слекти” асосии достони Кимиёро пешниҳод мекунад ва ривоятҳои баъдӣ асосан дар заминаи ҳамин ҳикоя густариш меёбад.
Дар ин ривоят ишора мешавад, ки Мавлоно ба ин издивоҷ ризоият медиҳад. Ин воқеа баъд аз бозгашти Шамс ба сафари аввалини ӯ ба Сурия ҷой дода мешавад.
Аз ин ҷо, достони Кимиё Хотун ба яке аз муҳимтарин муносибатҳои таърихи тасаввуф ва робитаи хешутабории Мавлоно бо Шамси Табрезӣ табдил меёбад.
Яке аз машҳуртарин ривоятҳои таърихӣ чунин аст: Кимиё мехост бо зани хонадони Мавлоно ба боғ равад. Шамс ба рафтани ӯ розӣ намешавад. Кимиё бо вуҷуди ин ба боғ меравад. Пас аз бозгашт, тибқи ривоят ӯ бемор мешавад. Баъди рафтан ба боғ Кимиё бемор шуда, мемирад.
Дар асари “Маноқиб-ул-орифин” низ зикр мешавад, ки Кимиё баъди сайру гашт худро ногаҳон бемор ҳис мекунаду баъди чанд рӯз аз олам дармегузарад. Санаи марги ӯ низ қобили баҳс мебошад.
Сарчашмаҳои таърихӣ санаи марги ӯро 644-и ҳиҷрӣ менависанд. Ин дар ҳолест, ки хронологияи дигар барои воқеҳо санаҳои дигар пешниҳод мекунанд.
Дар ривоятҳо зикр мешавад, ки баъди марги Кимиё Хотун Шамс аз Қуния нопадид мешавад. Лоиҳаи илмии “Islamisation of Anatolia” менависад, ки баъд аз марги духтари оилаи Мавлоно ва чанде баъд аз он - 5-и шаъбони соли 645-и ҳиҷрӣ Шамс аз назарҳо ғайб зад. Дар хусуси нопадид шудани Шамс садсолаҳо боз қиссаҳо идома доранд. Оё ӯ кушта шуд? Оё маҷбур шуд Қунияро тарк кунад? Оё ба ҷойи дигар рафт?
Ҳатто қабри ӯ низ мавзуи баҳсҳои таърихӣ аст
Франклин Люис дар пажӯҳиши худ нишон медиҳад, ки нисбат додани баъзе қиссаҳои муосир дар хусуси Шамс ва Кимиё ва санадҳои қадимӣ метавонад иштибоҳ бошад. Ӯ махсусан аз набудани ҳуҷҷатҳои нави таърихӣ дар хусуси Кимиё ва Шамс ёд мекунад.
Аммо чаро ҳамаи ҷаҳон имрӯз дар хусуси Кимиё менависад?
Қисми зиёди шуҳрати имрӯзи Кимиё аз романҳо сарчашма мегирад. Дар соли 2004 нависандаи эронӣ Саида Қудс романи “Кимиё Хотун достоне аз шабистони Мавлоно” -ро нашр кард.
Ин китоб Кимиёро аз як қаҳрамони канории сарчашмаҳои классикӣ ба қаҳрамони асосии як қиссаи пуршиддати адабӣ табдил дод.
Пажӯҳиши академӣ дар хусуси роман нишон медиҳад, ки асар дар муддати кӯтоҳ ба яке аз романҳои маъруф табдил меёфт, вале ҷаҳон аз он манбаъҳои таърихӣ, аз ҷумла “Маноқиб-ул-орифин” ва “Рисолаи сипаҳсолор” фарқ доранд.
Франклин Люис низ ҳушдор дод, ки романи Қудс бар асоси таърихи хеле маҳдуди мавҷуд қиссаи густурда месозад ва бисёре аз ҷузъиёти он дар сарчашмаҳои қадимӣ вуҷуд надорад.
Кимиёи романҳо бо Кимиёи таърихӣ ҳатман як шахс нестанд ва бо як зиндагии яксон тасвир нашудаанд.
Қиссаи Кимиё дар Ғарб
Мюриэл Морфу дар романи “Rumi’s Daughter” зиндагии Кимиёро аз нигоҳи бадеӣ бозсозӣ намудааст.
Нашрияи покистонии “Dawn” дар баррасии ин китоб менависад, ки Морфу Кимиёро ба ҳайси духтаре тасвир мекунад, ки Мавлоно ӯро ба фарзандӣ қабул намуда, таълиму тарбия дода ва баъдан ӯро ба Шамси Табрезӣ ба шавҳар медиҳад.
Аммо “Dawn” ҳамзамон нишон медиҳад, ки ин тасвир бо версияи дигари Шаҳром Шиво фарқ дорад. Дар он ҷо Кимиё духтари ҷавон аз ҳамсари дуюми Мавлоно ва аз издивоҷ бо марди дигар, яъне угай дониста мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кимиё Хотун: духтари Мавлоно ё зани фаромӯшшуда. Издивоҷи ӯ бо Шамси Табрезӣ ба як “сирри таърихӣ” табдил ёфт?
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд
Рубио: “Узвияти Украина дар НАТО дар ҳоли ҳозир матраҳ нест”