Пешвои миллат дар ноҳияи Восеъ Кӯдакистони “Маҳдия”-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Восеъ бинои Беморхонаи хусусии “Тибби Ҳулбук” мавриди истифода қарор дода шуд
Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Пешвои миллат дар ноҳияи Восеъ Кӯдакистони “Маҳдия”-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи “Маҳдия”-ро ифтитоҳ карданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, муассисаи нав бо риояи талаботи муосир ва истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардида, дар он барои таълиму тарбия ва фароғати 200 кӯдак шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки барои ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар муассиса 10 парастори соҳибтахассус ҷалб гардида, машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешаванд.
Гуфта мешавад, ки дар дохили кӯдакистон толорҳои бозии зимистона мавҷуд буда, дар ҳудуди муассиса низ майдонҳои бозиву варзишӣ ташкил шудаанд. Ин имконият медиҳад, ки кӯдакон ҳам дар дохили бино ва ҳам дар ҳавои кушод ба бозиҳои инкишофдиҳанда, машғулиятҳои ҷисмонӣ ва дигар фаъолиятҳои тарбиявӣ машғул шаванд.
“Яке аз хусусиятҳои муҳими иншооти нав истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ мебошад. Дар болои бино панелҳои офтобӣ насб гардидаанд, ки иқтидори умумии онҳо 62 киловаттро ташкил медиҳад. Ин иқдом барои таъмини муассиса бо неруи барқ ва истифодаи самараноки манбаъҳои тозаи неру заминаи мусоид фароҳам меорад”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 200 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» рақобат мекунанд
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”