14 Ноябр 2026,
шанбе, 17:15, Душанбе
26.09.2026 10:40

Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфтааст, ки Маскав барои ҳеч гуна даргирии низомӣ бо Аврупо омодагӣ намегирад ва чунин барномае низ дар дастур надорад.

Путин ин суханонро шоми рӯзи 25-уми сентябр, дар ҳошияи дувоздаҳумин Форуми байналмилалии фарҳангҳои муттаҳид дар шаҳри Санкт-Петербург ва дар посух ба суоли як хабарнигор дар бораи изҳороти вазири дифои Эстония баён кардааст. Вазири дифои Эстония (кишвари узви НАТО), дар бораи эҳтимоли ҳамлаи пешгирикунанда ба Русия сухан гуфта буд.

Путин гуфт, чунин изҳорот аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ ба афзоиши танишҳо ва як навъ таҳрикот равона шудааст. Ӯ афзуд, ки бархе дар Аврупо ҳамеша аз эҳтимоли ҳамлаи Русия ҳарф мезананд ва ба ҳамин далел омодагӣ барои ҷанг бо Русияро зарур медонанд.

Раиси ҷумҳури Русия таъкид кард: “Мо барои ҳеч гуна даргирии низомӣ бо Аврупо омодагӣ намегирем ва чунин барномае надорем”. Ба гуфтаи ӯ, Русия барои афзоиши таниш бо Аврупо “ҳеч далел ва ангезаи воқеӣ” надорад.

Путин ҳамчунин, гуфт, ки Маскав аз нақзи ҳуқуқи аҳолии русзабон дар кишварҳои соҳили Балтик огоҳ аст, аммо барои ҳалли ин масъала равиши мушаххас дорад. Ӯ таъкид кард, ки Русия барои ҳимояти ҳуқуқи ҳаммиллатонаш муборизаро идома медиҳад, вале ин корро “дар чаҳорчӯби ҳуқуқи байналмилалӣ” анҷом хоҳад дод.

Путин: бархе мехоҳанд пешрафти Русияро боздоранд

Путин дар идомаи суханонаш гуфт, ки ба гуфтаи ӯ, ҳадафи бархе доираҳои аврупоӣ аз идомаи танишҳо истифода аз Украина ва мардуми он барои муқобила бо Русия ва маҳдуд кардани рушди ин кишвар аст.

Ӯ иддао кард, ки чунин доираҳо барои тавҷеҳи сиёсати худ назди шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ кӯшиш мекунанд, афкори умумиро бо ин иддао, ки гӯё Русия қасди ҳамла ба кишварҳои дигарро дорад, таҳти таъсир қарор диҳанд. Путин ин иддаоро “беасос” номид.

Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин, изҳороти вазири дифои Эстония дар бораи эҳтимоли ҳамлаи пешгирикунанда ба Русияро танқид кард ва онро “масхарабозии сиёсӣ” номид.

Путин бо ишора ба шумораи аҳолии Эстония ва теъдоди неруҳои артиши Русия гуфт, ки чунин изҳоротро бемаънӣ медонад.

Путин: музокирот бо Украина метавонад дубора оғоз шавад

Дар бахши дигаре аз суҳбат, як хабарнигор аз Путин пурсид, ки пас аз баргузории интихоботи Думаи давлатӣ музокироти сеҷонибаи Русия, ИМА ва Украина кай ва дар куҷо метавонад аз сар гирифта шавад.

Путин гуфт, ки ҷониби Украина қаблан музокироти дар Истанбул ҷараёнёфтаро қатъ карда буд, аммо тақрибан 10 рӯз ё ду ҳафта пеш аз интихоботи Думаи давлатӣ омодагии худро барои аз сар гирифтани гуфтугӯҳо эълом кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, Русия пештар гуфта буд, ки то интихоботи Дума имкони музокирот кам аст, вале баъд аз интихобот барои барқарор кардани тамосҳо омодагӣ хоҳад дошт.

Путин иддао кард, ки дар арафаи рӯзи асосии овоздиҳӣ ба Маскав ҳамлаи густурдаи сурат гирифта ва беш аз 1 600 дрон вориди минтақаи Маскав шудаанд. Ӯ ҳамчунин, аз ҳамлаҳо ба қитъаҳои овоздиҳӣ ва манзили баъзе масъулони комиссияҳои интихоботӣ хабар дод.

Раиси ҷумҳури Русия инчунин, Украинаро ба ҳамла ба Санкт-Петербург дар замони баргузории Форуми байналмилалии иқтисодӣ, ҳамла ба корхонаҳои коркарди нафт ва осеб расондан ба киштиҳо дар Баҳри сиёҳ муттаҳам кард.

Ӯ афзуд, ки Украина акнун хостори оташбас дар бахши энергетикӣ, қатъи мутақобили ҳамлаҳои ҳавоӣ ва поёни муҳосираи соҳилҳои Баҳри сиёҳ шудааст. Путин гуфт, Русия ҳамаи пешниҳодҳои марбут ба оташбас ва азсаргирии музокиротро баррасӣ хоҳад кард, аммо қарорҳои минбаъда бар асоси манфиатҳои Русия гирифта мешаванд.

Русия аз гуфтугӯҳои Чин ва ИМА истиқбол мекунад

Путин дар посух ба суоли дигаре дар бораи мулоқоти раҳбарони Чин ва ИМА гуфт, ки Русия аз гуфтугӯҳои миёни Пекин ва Вашингтон истиқбол мекунад.

Ӯ гуфт, Чин ва ИМА ду иқтисоди бузурги ҷаҳон ҳастанд ва тарзи ҳалли ихтилофҳои миёни онҳо метавонад ба иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла иқтисоди Русия, таъсир расонад.

Путин ҳамчунин, гуфт, ки равобити тиҷоратии Русия ва Чин ба 240 миллиард доллар мерасад ва ҳаҷми ин тиҷорат рӯ ба афзоиш аст.

Дар бораи эҳтимоли мулоқоти сеҷонибаи раҳбарони Русия, Чин ва ИМА дар ҳошияи нишасти АПЕК, Путин гуфт, ки ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, қарор дар бораи иштирокаш дар ин нишаст ба вазъи дохилии Русия вобаста хоҳад буд.

33-юмин нишасти сарони АПЕК - Форуми ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором қарор аст дар охири моҳи ноябри соли 2026 дар Чин баргузор шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
14.11.2026 09:36

Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт

Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.
13.11.2026 18:05

Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад ҳамкориҳоро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетика густариш дода, низоми барқи худро ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст намояд. Рушди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷудуда аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
13.11.2026 18:01

Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад

Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
13.11.2026 16:00

Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад

АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
13.11.2026 15:33

Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард

Имрӯз, 13-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нгуен Тхань Леро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.