Гади Айзенкот ба ҷои Нетаняҳу сарвазири нави Исроил мешавад
Трамп: “Ҷанг бар зидди Эрон ва норозигии мардум аз Исроил омили шикаст дар интихобот буд”
Вазири хориҷии Эрон мегӯяд миллатҳои минтақа ва Амрико аз фиребкории Исроил ба танг омадаанд
Ироқчӣ: “Акнун навбати Кохи Сафед аст, ки интихоб кунад”
Китоби “Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ” рӯнамоӣ шуд
Дар Осорхонаи миллӣ рӯнамоии китоби тозанашри “Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ” баргузор гардид.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби мазкур аз ҷониби мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар заминаи коллексияи нодири ашёи таърихию фарҳангие таҳия гардидааст, ки дар солҳои гуногун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ эҳдо шудаанд.
“Мазмуни китоб фарогири осори арзишманди дорои аҳамияти баланди таърихию фарҳангӣ буда, намунаҳои нодири бозёфтҳои бостоншиносӣ, маводи сиккашиносӣ, шоҳкориҳои санъати тасвирию амалӣ, созҳои мусиқӣ ва дигар нигораҳои бебаҳои таърихиро дар бар мегирад”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки китоби “Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ” на танҳо як феҳристи мукаммали осори гаронарзиш аст, балки саҳифаи заррине аз таърихи навин, дипломатия, фарҳанг ва сиёсати созандаи давлатдории миллии тоҷиконро ба ҷомеа муаррифӣ месозад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Агентии обуҳавошиносӣ: “Борону барф пешгӯӣ мешавад”
Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Қазоқистонро муҳим арзёбӣ мекунад
Сафири Покистон дар Маскав: Вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа таъсир мерасонад
Баррасии масъалаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ миёни Тоҷикистону Бонки Исломии Рушд