2 Ноябр 2026,
душанбе, 16:08, Душанбе
15.09.2026 17:26

Дар Тулаи Русия имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон ба намоиш гузошта шуд

Дар шаҳри Тулаи Федератсияи Русия ба муносибати 880-солагии ин шаҳр имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Намоиши имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон рӯзҳои 12-13-уми сентябр дар фестивали “Фанфарҳои Тулаи Кремл” баргузор шуд. Дар ин намоиш либосҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакан ва дигар намунаҳои ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Намоиши имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон бо пуштибонии Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва созмони ҷамъиятии “Маркази фарҳангии тоҷикон” баргузор гардид. Дар ин намоиш намояндагони ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон дар Тула низ ширкат намуданд.

Дар ин намоиш дар баробари ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти аз сангу чӯб таҳияшуда ва маводҳои иттилоотӣ дар хусуси имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Онҳое, ки дар ин фестивал ширкат намуданд, ба либосҳо миллӣ, нақшу нигори анъанавӣ ва санъати сӯзандӯзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Масъулони чорабинӣ таъкид намуданд, ки ҳадафи ин гуна чорабиниҳо ҳифз ва муаррифии арзишҳои фарҳангии миллӣ ва дастгирии ҳунармандони мардумӣ аст.

Масъулони ин чорабинӣ мегӯянд, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо метавонанд барои ҷалби бештари сайёҳони рус ба Тоҷикистон ва шинос намудани онҳо ба минтақаҳои сайёҳии кишвар мусоидат кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25

Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?

Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.