Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаи сайёҳӣ
Як созмони хориҷӣ амнияти ҳавонавардии Тоҷикистонро месанҷад
Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад
Дар Давҳа масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи алоқаи Тоҷикистон баррасӣ шуд
Шералӣ Кабир ва Ким Ҷонг Кван масъалаи истифодаи технологияҳои нав дар раванди истеҳсолотро баррасӣ карданд
14-ми сентябр дар шаҳри Сеул дар доираи ҷаласаи нахустини Механизми машваратии вазирони саноат дар формати «C5+1» мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея Ким Ҷонг Кван баргузор гардид.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноати маъдан, иқтисод, сармоягузорӣ, рушди саноат, истифодаи технологияҳои нав дар раванди истеҳсолот ва истихроҷи маъданҳо гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Манбаъ навиштааст, ки аз рӯи натиҷаҳои нахустин ҷаласаи Механизми машваратии вазирони саноат дар қолаби «C5+1» намояндагони ҷумҳуриҳои Корея, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва занҷираҳои таъминотро ба имзо расониданд.
Гуфта мешавад, ки ҳамчунин, Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба имзо расонида шуд. Санади мазкур рушди лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, кӯҳӣ, кимиё, мошинсозӣ, инчунин зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав пешбинӣ менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвари давлат бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ дар мактабҳои миёна чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?
Тоҷикистон то соли 2035 истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаро ду баробар афзоиш медиҳад
Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаи сайёҳӣ