Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Гузоштани санги асоси эстакадаҳо ва ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолӣ дар пойтахт
Дар як қатор вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ сурат гирифт
Боздиди Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ
Сарвари давлат дар чорабинии идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Шоми 11-уми сентябр дар ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони заҳматқарини ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва ҳамаи иштирокдорони чорабиниро бо солгарди 35-уми истиқлол табрику таҳният гуфтанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияҳои водии Рашт сохтмону навсозии 986 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, то 20 августи соли равон 825 иншоот ё 82,1 фоизи онҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд.
“Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди иншооти ҷашнӣ саҳми сокинони ноҳияҳо, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпешаро назаррас арзёбӣ карда, ба ҳамаи онҳо барои ташаббусҳои созанда, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иштироки фаъолонаашон дар ободонии Ватани азизамон миннатдорӣ баён намуданд”, - навиштааст манбаъ.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар солҳои 1998-2026, яъне аз оғози таъсиси квотаи президентӣ то имрӯз 3100 ҷавони ноҳияҳои зикргардида, аз ҷумла 1900 духтар бо истифода аз ин имтиёз ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул шудаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини консертӣ баргузор гардида, устодони санъат ва ҳунармандони водии Рашт аз эҷодиёти шоирон ва оҳангҳои композиторони шинохта дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Истиқлолу Ваҳдат ва Пешвои раҳнамунсоз сурудҳои дилнишин пешкаши меҳмонон намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамла ба Толибон дар Кунар хабар дод