Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Гузоштани санги асоси эстакадаҳо ва ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолӣ дар пойтахт
Дар як қатор вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ сурат гирифт
Боздиди Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ
Сафари кории Пешвои миллат ба Рашт аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани фурудгоҳ оғоз шуд
Имрӯз, 11-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои водии Рашт, суҳбату вохӯрӣ бо аҳолӣ ва иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт рафтанд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Президенти кишварро роҳбарият ва сокинони ноҳия бо эҳтирому самимият ва муҳаббати хос истиқбол гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст фурудгоҳи ноҳияи Раштро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
“Бинои фурудгоҳ дар раванди корҳои ободонӣ бо дасттирии соҳибкорони ватанӣ навсозӣ шуда, дар он барои мусофирон шароити замонавии хизматрасонӣ муҳайё шудааст. Ба ин васила дар оянда бо кушодани хатсайрҳои нав рафтуомади мусофирон бо ҳавопаймоҳо дигар минтақахо барқарор гардида, хизматрасониҳо ба талаботи имрӯза мутобиқ карда мешаванд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамла ба Толибон дар Кунар хабар дод