Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Дипломати аршади тоҷик дар Бағдод рушди ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард
Сарвари давлат дар Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ намуданд
26-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ намуданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, иншооти истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст. Технологияи воридшуда иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз то 7 тонна ашёи хомро коркард ва аз он равған истеҳсол намояд.
Гуфта мешавад, ки корхонаи саноатӣ аз бинои истеҳсолӣ, маъмурӣ, ҳуҷраҳои корӣ, ошхона ва маҷлисгоҳ иборат буда, дар он 18 ҷойи нави кор таъсис дода шудааст.
“Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти навро барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то сатҳи маҳсулоти ниҳоӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, фарогирии шаҳрвандон ба ҷойи кор ва беҳшавии зиндагии мардум муҳим арзёбӣ карданд”, -омадааст дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад