Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе дастаи "Ал-Арабӣ"-и Қувайтро шикаст дод
Сарвари давлат 14 иншоот дар ноҳияи Ёвон ва 5 иншоот дар ноҳияи Хуросонро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Имрӯз, 26-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон 14 иншооти таъйиноти гуногун ва 5 иншооти соҳаҳои саноату маорифро дар ноҳияи Хуросон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ доданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли хиштҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Файзи гач, ки иқтидори солонаи он 1,5 млн. дона хиштро ташкил медиҳад, расман оғоз бахшиданд.
Дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳанаи ноҳия корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии Агромикси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Талко Кемикал, ки дар як сол 12,5 ҳазор тонна агромикс истеҳсол мекунад, мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти дигари фосилавӣ ифтитоҳшуда масири Ёвон – Рӯдакӣ – Душанбе мебошад, ки 31 километрро ташкил дода, аз ҷониби соҳибкори ҳимматбаланд ва меҳандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов таъмиру навсозӣ гардидааст.
Дар ҳамин ҷо роҳи Ёвон-Ваҳдат-Норак, ки дар масофаи 18 километр бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Акбар Асадулло пурра навсозӣ шудааст, ба истифода дода шуд.
Инчунин, 3 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Наврӯзгоҳи деҳоти Норини ноҳияи Ёвон мумфарш шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иншооти навбатӣ бинои нави Муассисаи таълимии рақами 84 ба ҳисоб меравад, ки ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
Бинои дуошёнаи иловагии муассисаи таълимии рақами 3 воқеъ дар деҳаи Ҳинддараи деҳоти Обшорон аз иншооти дигари соҳаи маориф мебошад, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.
Бинои дуошёнаи иловагӣ дар назди Муассисаи таълимии рақами 69 ба номи Асадулло Ғулом воқеъ дар деҳаи Тағойободи деҳоти Обшорон низ ифтитоҳ гардид.
Бинои дуошёнаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 27 дар деҳаи Калфи сабади деҳоти Ситораи сурхи ноҳия дари худро барои хонандагон боз намуд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаро, ки бо ғунҷоиши 1600 тонна маҳсулот барои ба муҳлати дароз нигоҳдории дастранҷи кишоварзони ноҳияи Хуросон бунёд шудааст, ба истифода доданд.
Корхонаи истеҳсоли қуттиҳо ва бандубасти меваи хушки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази агрологистикии Меваи тоҷик низ дар ҳамин рӯз ба фаъолият оғоз намуд.
Бинои навбатии ифтитоҳгардида муассисаи таълимии рақами 20 дар деҳаи Бандари деҳоти Сурхқалъа мебошад, ки барои бо таълим фаро гирифтани 624 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 35 низ, ки дар деҳаи Аёнчашмаи деҳоти Фахробод сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Муассисаи таълимии рақами 36 дар деҳаи Баҳористони деҳоти Фахробод сеюмин иншооти соҳаи маориф буд, ки ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад