Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе дастаи "Ал-Арабӣ"-и Қувайтро шикаст дод
Президенти кишвар дар Ёвон Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд
Имрӯз, 26-уми август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, Майдони рамзҳои давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 1,1 гектар ҷойгир шудааст.
Сутунпояи Парчами давлатӣ 56 метрро ташкил намуда, матоъи Парчам бо дарозии 15 ва паҳноии 7,5 метр парафшон шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар паҳлуи Парчами давлатӣ муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ қомат афрохта, ба ҳусни мавзеъ шукӯҳи бештар бахшидааст. Баландии худи муҷассама 8 метр буда, бо таҳкурсӣ баландии умумии он ба 14 метр мерасад.
Иттилоъ дода мешавад, ки рамзи дигари кишвари соҳибистиқлол ва давлатдории навини тоҷикон – Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр сохта шудаааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад