Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Як ҷавон барои беэҳтиромӣ нисбат ба пули миллӣ ба Кумитаи дин даъват шуд
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини ноҳияи Кӯшониёнро барои беэҳтиромӣ нисбат ба пули миллӣ даъват намуд.
Манбаъ навиштааст, ки Саймиддин Назаров, сокини 24-солаи ноҳияи Кӯшониён бо мақсади ба даст овардани фоидаи молиявӣ аз пули миллӣ «гулдаста» ва ҳадяҳо омода намуда, онҳоро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барои фурӯш пешниҳод ва таблиғ кардааст.
“Бо дарназардошти он ки ҳадафи асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешгирии ҳама гуна исрофкорӣ, зиёдаравӣ, намоишкорӣ ва таҳкими эҳтиром нисбат ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ мебошад, шаҳрванд Саймиддин Назаров ба Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, бо иштироки масъулин бо ӯ суҳбати фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки аз ҷониби масъулони Кумитаи дин ба Саймиддин Назаров моҳияти талаботи қонунгузорӣ, зарурати эҳтиром ба рамзҳо ва муқаддасоти миллӣ ҳангоми истифодаи онҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ ва таблиғотӣ шарҳ дода шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд