Аз соли нав тартиби нав. Пардохти 100-сомонаи кирокашҳо бекор шуд
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
Бозии рӯз: Рақобати мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсалони худ аз Хорватия
Ду фоиз зиёд шудааст. Аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,8 миллион нафар расид
Агентии обуҳавошиносӣ: “Хавфи сар задани сел дар бархе минтақаҳо боқӣ мемонад”
Агентии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эҳтимоли омадани сел дар бархе минтақаҳои кишвар хабар дод.
Имрӯз, 7-уми август Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ навишт, ки аз 8-ум то 10-уми августи соли равон дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ пешгӯӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳавошиносон иттилоъ дода буданд, ки аз рӯзҳои 6-ум ва 7-уми август бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои дорои хусусияти пиряхӣ пешгӯӣ мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад
Кумитаи дин барои интихоби роҳбаладони ҳаҷ озмун эълон кард
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж