Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Тоҷикистон ва Эрон густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангиро баррасӣ карданд
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон Маҳмуди Шолуӣ дар бораи густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои илму фарҳанг гуфтугӯ кард.
Ба гузориши АМИТ “Ховар”, дар ин мулоқот ҷонибҳо перомуни роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак табодули назар намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон дар канори бузургдошти чеҳраҳои барҷастаи илму фарҳанги Эрон, аз хидматҳои илмӣ ва фарҳангии донишмандону адибони кишварҳои форсизабон низ қадрдонӣ мекунад.
Бар асоси гузориш, ин анҷуман дар солҳои гузашта маҳфилҳои бузургдошти устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Лоиқ Шералиро баргузор намуда, маҷмуаи мақолаҳое роҷеъ ба зиндагӣ ва осори ин шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон низ ба нашр расондааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин, имкони баргузории барномаҳои муштараки илмию фарҳангиро ба муносибати бузургдошти дигар чеҳраҳои намоёни Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод