Боздошти шаш ноболиғ: аз хонаи шаҳрвандон пулу ҷавоҳирот ва телефони мобилӣ дуздидаанд
“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ
Агентии обуҳавошиносӣ: “Борону барф пешгӯӣ мешавад”
Размкорони доғистонӣ дар паҳлӯи Трамп? Президенти Амрико роҳбари UFC-ро котиби матбуотӣ таъин кардан мехоҳад
Қабули довталабон ба мактаби технологияҳои иттилоотӣ оғоз шуд
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози қабули довталабон ба "Школа 21" хабар дод.
Манбаъ навиштааст, ки шаҳрвандони аз 18-сола боло, новобаста аз сатҳи таҳсилот, таҷрибаи корӣ ва ё дониши барномасозӣ, метавонанд дар "Школа 21" иштирок намоянд. Омӯзиш пурра ройгон буда, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
"Қабули довталабон аз чанд марҳила иборат буда, баъди бақайдгирӣ ва санҷиши онлайн, иштирокчиён ба марҳилаи 14-рӯзаи «бассейн» роҳ меёбанд. Пас аз гузаштани интихоб, онҳо метавонанд дар яке аз самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла таҳияи нармафзор, амнияти киберӣ, таҳлили додаҳо ва дигар ихтисосҳои муосир таҳсил намоянд", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки «Школа 21» усули омӯзиши «ҳамсол ба ҳамсол»-ро истифода мебарад ва хатмкунандагони он имкони дарёфти ҷойи корро дар ширкатҳои бузурги рақамӣ ва стартапҳо пайдо мекунанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «Сбер» амалӣ мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Миқёси ҳамлаи дубора ба Эрон панҷ баробар бузургтар хоҳад буд”
Дар Пактиёи Афғонистон коргарони тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмарро аз кор барканор кардаанд
Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад
Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"