«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Ректори Донишгоҳ овозаҳои маош нагирифтани кормандонашро рад кард
Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, профессор Нуриддин Муҳиддин гӯё “овозаҳо” дар бораи чанд моҳ маош нагирифтани кормандони Донишгоҳро рад карда, онҳоро беасос арзёбӣ намуд.
Субҳи рӯзи чоршанбе, 23-уми июл, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор шуд. Дар ин нишаст ректори Донишгоҳ аз натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар самти таълим, илм, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими заминаи моддию техникӣ гузориш дода, ба пурсишҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух гуфт.
Дар ҷараёни нишаст Лайло Қосимова, хабарнигори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, аз ректори Донишгоҳи давлтии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар бораи овозаҳое пурсид, ки гӯё кормандони муассиса чанд моҳ инҷониб маош нагирифтаанд.
Профессор Нуриддин Муҳиддин дар посух ин иддаоро комилан рад карда, гуфт: “Албатта чунин овозаҳо асос надорад”.
Ба гуфтаи ӯ, роҳбарияти Донишгоҳ ҳамеша омода аст фаъолияти худро шаффоф ба ҷомеа ва намояндагони расонаҳо шарҳ диҳад. Ӯ афзуд, ки пас аз шаш моҳи дигар низ нишасти матбуотӣ баргузор хоҳад шуд ва масъулони Донишгоҳ вазифадоранд танҳо маълумоти воқеӣ ва дақиқро ба рӯзноманигорон пешниҳод кунанд.
“Боз баъди шаш моҳ бо рӯзноманигорон вомехӯрем ва бояд мо ба рӯзноманигорон, ки фаъолияти моро ба ҷомеа мерасонанд, маълумоти дурӯғ надиҳем”, - гуфт ректори Донишгоҳ.
Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти Донишгоҳ аз тадбирҳои дастгирии иҷтимоии кормандон низ маълумот дод. Бино ба иттилои пешниҳодшуда, айни ҳол дар Донишгоҳ 1790 нафар корманд фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 1471 нафарро ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил медиҳанд.
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 барои дастгирии иҷтимоии кормандон ва омӯзгорон як қатор тадбирҳо амалӣ гардидааст. Аз ҷумла, ба кормандони ниёзманд кумакҳои молиявӣ расонида шуда, бархе аз омӯзгорон барои истироҳату табобат ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ фиристода шудаанд.
Роҳбарияти Донишгоҳ таъкид кард, ки муассиса фаъолияти худро тибқи нақша идома дода, барои таъмини фаъолияти устувор, баланд бардоштани сифати таълим, рушди илм ва ҳифзи кафолатҳои иҷтимоии кормандон тадбирҳои заруриро амалӣ мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад