Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе дастаи "Ал-Арабӣ"-и Қувайтро шикаст дод
Сармуҳосиби Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии Муъминобод маблағи махсусан калонро тасарруф намудааст
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тасарруф шудани маблағи махсусан калон хабар дод.
Тавре ки манбаъ навиштааст, Назриев С.А. зимни фаъолияти кориаш дар вазифаи сармуҳосиби Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Муъминобод давоми солҳои 2025-2026 бо роҳи сохтакории асноди муҳосиботӣ дар якчанд ҳолат ҷамъ маблағи 1.064.768 сомониро ҳамчун пардохти музди маош ва дигар хароҷот дар ҳисоботи Муассиса нишон дода, ин миқдор маблағро ба корти бонкии дигар корманд, ки дар ихтиёраш қарор дошт, интиқол дод. Зимнан Назриев С.А. маблағи зикршударо тариқи банкоматҳои ҳудуди ноҳияи Муминобод нақдӣ кунонида, ба тасарруфи худ даровард.
Гуфта мешавад, ки ҳамчунин, Назриев С.А. давоми моҳҳои ноябри соли 2025 ва феврали соли 2026 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сардори шуъбаи хазинадории раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод Абдуалимзода З.Н. аз ҳисоби маблағҳои буҷетии дар сметаи хароҷотии Муассиса ҷойдошта бо баҳонаи харидории маводи конселярӣ, хоҷагидорӣ, хӯрокворӣ ва сохтмонӣ бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» амал карда, бидуни дархости тендерӣ тибқи супоришномаҳои пардохтӣ маблағи 2.163.380 сомониро ба суратҳисоби як қатор ҷамъиятҳо гузарониданд. Минбаъд, Назриев С.А. ва Абдуалимзода З.Н. ба востаи ҷамъиятҳо аз бонкҳои хизматрасон маблағи умумии 2.163.380 сомониро нақдӣ кунонида, тасарруф намуданд,
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Назриев С.А. ва Абдуалимзода З.Н. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б», 262 қисми 1, 316 қисми 1, 318 ва 340 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад