«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Мадина Саидализода ғолиби Озмуни «Хонандаи сол» гардид
Дар даври чоруми Озмуни «Хонандаи сол» хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Мадина Саидализода бо касби 94 хол ғолиби Озмуни «Хонандаи сол» эълон гардид.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи Низомномаи Озмуни «Хонандаи сол» дар даври чорум аз панҷ минтақаи ҷумҳурӣ 1 нафарӣ (5 нафар) иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ки довталабон аз фанҳои забони тоҷикӣ/забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус/забони русӣ, физика ва математика кори хаттӣ ва аз фанҳои адабиёти тоҷик, биология, география, забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, таърих, химия ва ҳуқуқ санҷиши тестӣ супориданд. Инчунин, аз ҷониби ҳайати доварон ҳисоботи эҷодии онҳо шунида шуд.
Манбаъ меафзояд, ки Озмуни «Хонандаи сол» бо мақсади дарёфти хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускор ва навовар баргузор гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад