Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Сафар ба Эрон: парвози байналмилалии Душанбе – Буҷнӯрд барқарор шуд
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз барқарор шудани парвози байналмилалӣ дар масири Душанбе - Буҷнӯрд, шаҳри устони Хуросони Шимолии Эрон ва баръакс, хабар дод ва гуфт, ки ин парвоз бо пайгириҳои мустаҳками дуҷониба ва баррасии натиҷаҳои парвози озмоишӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Пӯё”-и Эрон анҷом хоҳад шуд.
Тибқи иттилоъ парвоз бо истифода аз ҳавопаймои навъи 145-и ширкати ҳавопаймоии “Пӯё” анҷом мешавад ва заминаи муносиберо барои осон намудани рафтуомади мусофирон, фаъолони иқтисодӣ ва гардишгарон миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Хуросони Шимолӣ фароҳам хоҳад кард.
Парвози рафтан аз самти Душанбе ба самти Буҷнӯрд рӯзи душанбе, 15-уми июн, соати 15:30 ва баръакс аз самти Буҷнӯрд ба Душанбе рӯзи панҷшанбе,18-уми июн, соати 10-и субҳ сурат хоҳад гирифт.
Бояд гуфт, ки вилояти Хуросони Шимолии Эрон бо беш аз як миллион нафар аҳолӣ дар шимолу шарқи Эрон ҷойгир буда, фосилаи шаҳри Буҷнӯрд, маркази ин вилоят то Теҳрон беш аз 700 километр ва то Машҳад 250 километр аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод