3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:17, Душанбе
08.06.2026 16:04

Эрон: Зарбаҳои сангине ба ҳадафҳои муҳим дар сарзаминҳои ишғолӣ ворид шуд

Сухангӯи Қароргоҳи марказии Хотам-ул-анбиёи Эрон аз ворид кардани зарбаҳои сангин ба ҳадафҳои муҳим дар сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Иброҳим Зулфиқорӣ, сухангӯи Қароргоҳи марказии Ҳазрати Хотам-ул-анбиё соате пеш ҷадидтарин иттилоияи ин қароргоҳро қироат кардааст.

Дар ин иттилоия омадааст: “Ҳамон тавре, ки ваъда дода будем амал кардем, неруҳои мусаллаҳи муқтадири Ҷумҳурии Исломии Эрон иборат аз Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон собит кардаанд, ки дар авҷи омодагиҳои дифоӣ ва ҳуҷумӣ ба ончӣ гуфта мешавад бо суръати амал ва диққати боло иқдом намуда ва душманони амрикоӣ ва саҳюнистиро аз кардаи худ пушаймон мекунанд”.

Гуфта мешавад, ки мавҷи ҷадиди ин ҳамлаҳои муҳим ва ҳассос ба сарзаминҳои ишғолӣ анҷом дода шудааст.

Дар баёнияи  Қароргоҳи марказии Ҳазрати Хотам-ул-анбиё ҳамчунин, омадааст: “Неруҳои муқовимати ифтихорофарин дар минтақа таҳти ҳар шароите ва дар муқобили ҳар таҳдиде истодагӣ намуда ва ҳаргиз сари таслим дар муқобили душманони бозанда дар ҷанг, фуруд нахоҳанд овард ва дар сурати тадовуми таҷовуз ва шарорат бо шиддати бештаре бо онҳо бархӯрд хоҳад шуд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.