3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:17, Душанбе
06.06.2026 11:50

Амрико фурӯши эҳтимолии 1.98 миллиард долларии таҷҳизоти зидди паҳпод ба Кувайтро тасдиқ кард

Вазорати корҳои хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълом карда, ки фурӯши эҳтимолии таҷҳизот ва сомонаҳои муқобила бо паҳпод ба Кувайтро ба арзиши 1.98 миллиард доллар тасдиқ кардааст.

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа, 5-уми июн, дар баёнияе гуфтааст, ки ин баста шомили таҷҳизот ва сомонаҳои марбут ба муқобилият бо паҳподҳо мебошад. Дар ин баёния омадааст, ки ин баста барои афзоиши тавоноии Кувайт дар муқобила бо таҳдидҳои паҳподӣ ва беҳбуди қобилиятҳои дифоии минтақавӣ тарҳрезӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки Вашингтон пеш аз ин низ дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои низомӣ, фурӯши таҷҳизот ва ҳимоятҳои дифоӣ ба кишварҳои минтақаро идома дода буд.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.