3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:01, Душанбе
01.06.2026 13:00

Эрон аз ҳамла ба "мабдаи таҷовуз" ба вилояти Ҳурмузгон хабар дод

Расонаҳои эронӣ хабар додаанд, ки неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорон ба "мабдаи таҷовуз" ба як пойгоҳи мухобиротӣ дар Сирик, вилояти Ҳурмузгон дар ҷануби ин кишвар ҳамла кардааст.

Хабаргузории "Форс" рӯзи душанбе, 1-уми июн, гузориш додааст, ки ин ҳамла субҳи имрӯз аз сӯи Сипоҳи посдорони Эрон анҷом шудааст.

Бар асоси гузориш, Сипоҳи посдорони Эрон эълом кардааст, ки "мабдаи таҷовуз" ба як пойгоҳи мухобиротӣ дар ноҳияи Сирики вилояти Ҳурмузгонро ҳадаф қарор дода, ҳамаи аҳдофи қаблан таъйиншударо нобуд кардааст.

Сипоҳи посдорони Эрон ҳамчунин, неруҳои амрикоиро ба нақзи густардаи оташбаси миёни Эрон ва Амрико муттаҳам кардааст.

Дар гузориши "Форс" мушаххас нашудааст, ки кадом пойгоҳи неруҳои амрикоӣ дар минтақа "мабдаи таҷовуз" ба ҷануби Эрон будааст.

Дар ҳаминн ҳол, пештар расонаҳои ҷаҳонӣ аз фаъол шудани сомонаи зиддиҳавоӣ ва ба садо даромадани занги хатар дар Кувайт хабар дода буданд.

Dialog.tj 

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.