Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Эрон: Мо ҳаққи гирифтани боҷи экологӣ аз киштиҳо дар Тангаи Ҳурмузро дорем
Ормон Хурсанд, раиси Маркази умури байналмилалӣ ва Конвенсияҳои муҳити зист дар идораи ҳифзи муҳити зисти Эрон, эълон кардааст, ки бар асоси қонунҳои байналмилалӣ, ин кишвар ҳуқуқ дорад аз киштиҳое, ки аз тангаи Ҳурмуз мегузаранд, боҷи экологиро дарёфт кунад.
Расонаҳои Эрон бо такя ба гуфтаҳои Ормон Хурсанд гузориш додаанд, ки олудагии нафтӣ, фаъолияти киштиҳои низомии хориҷӣ ва зарар ба экосистемаҳо дар Халиҷи Форс зарурати таъмини захираҳо барои барқарорсозии муҳити зистро зиёд кардааст.
Ӯ гуфтааст, ки ин пулҳо метавонанд барои ҷуброн кардани зарарҳои расида ба муҳити зисти Халиҷи Форс истифода шаванд.
Ормон Хурсанд ҳамчунин, таъкид кардааст, ки бар асоси низоми "гузариши безарар", кишварҳои ҳамсояи тангаи Ҳурмуз метавонанд хароҷот барои хизматрасонии дарёб ва ҷуброни зарарҳои расида аз нақзи қоидаҳоро дарёфт кунанд ва ин масъала дар қонунҳои байналмилалӣ пешина дорад.
Ӯ дар ҷавоб ба интиқодҳо гуфтааст, ки иддаоҳо дар бораи ғайриқонунӣ будани гирифтани боҷи экологӣ аз киштиҳо ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд ва ин иқдом метавонад дар доираи қонунҳои қабулшудаи байналмилалӣ анҷом дода шавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд