3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:03, Душанбе
01.06.2026 09:11

Вазири хориҷаи Британия: "Афзоиши амалиётҳои низомии Исроил дар Лубнон фазои дипломатияро танг кардааст"

Иветт Купер, вазири корҳои хориҷаи Британия мегӯяд, афзоиши фаъолиятҳои низомии Исроил дар Лубнон боиси танг шудани фазои дипломатӣ дар ин кишвар шудааст.

Купер шаби якшанбе, 31-уми май, дар шабакаи "Х" навиштааст, ки афзоиши амалиётҳои низомии Исроил дар Лубнон ба кушта ва овора шудани ғайринизомиён, тахриби зерсохтҳо ва коҳиши фазои дипломатӣ сабаб шудааст.

Ӯ таъкид кардааст: "Ин вазъият бояд боздошта шавад".

Купер ҳамчунин, аз Ҳизбуллоҳ хостааст, то халъи силоҳ шавад ва ҳамлаҳо алайҳи Исроилро поён диҳад.

Ӯ афзудааст, ки ҳамаи тарафҳо бояд оташбасро риоя карда ва бо ҳусни ният вориди раванди музокирот шаванд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.