3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:03, Душанбе
01.06.2026 08:31

Хабаргузории Тасним: "Эрон дар сурати тағйири шартҳо аз тарафи Трамп созиши эҳтимолӣ бо Амрикоро танзим хоҳад кард"

Хабаргузории "Тасним" гузориш додааст, ки Эрон дар сурати тағйири муқаррароти созиши эҳтимолӣ аз тарафи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико матни ин созишро танзим хоҳад кард.

Ин хабаргузорӣ шаби якшанбе, 31-уми май, бо такя ба як манбаи аршади Эрон гузориш додааст, ки ҳар гуна тағйир дар матни созиш аз тарафи Трамп маънои қабули автоматии Эронро нахоҳад дошт ва "ба он ҳатман посух дода мешавад".

Бар асоси гузориш, Эрон барои ин эҳтимол, ки созиш миёни ду кишвар ниҳоят имзо нашавад, омодагии пурра дорад.

Рӯзномаи "Ню Йорк Таймз" (The New York Times) қаблан гузориш дода буд, ки Трамп шартҳои як созиши эҳтимолӣ бо Эронро сахттар кардааст ва пешниҳоди нави худро ба Теҳрон фиристодааст.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.