Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Созмони Милали Муттаҳид: тамоми Навори Ғазза мутааллиқ ба мардуми Фаластин аст
Сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар вокуниш ба изҳороти нахуствазири режими Исроил дар бораи густариши тасаллути ин режим бар бахшҳое аз Навори Ғазза таъкид кард, ки тамоми ин минтақа мутааллиқ ба мардуми Фаластин мебошад.
Ба гузориши расонаҳо Стефан Дюжаррик дар посух ба саволи хабарнигори “Ал-Қудс ал-Арабӣ” дар бораи суханони Бенёмин Нетанёҳу оиди қасди Тел-Авив барои густариши назорати худ бар ҳудуди 70 дарсади Навори Ғазза гуфт: “Созмони Милал ҳамчунон хостори ақибнишинии Исроил аз манотиқи ишғолшуда мебошад”.
Вай бо таъкид бар мавқеи собити Созмони Милал афзуд: “Хатти зарди ҷудокунанда ба маънои тақсимоти ҳуқуқии Навори Ғазза нест ва тамоми Ғазза мутааллиқ ба фаластиниён аст”.
Дюжаррик ҳамчунин, дар бораи вазъи инсонии Навори Ғазза изҳор дошт, ки ин минтақа ҳамчунон бо мушкилоти густурда рӯ ба рӯ аст ва маҳдудиятҳои ҷорӣ бар вуруди кумакҳои башардӯстона идома дорад.
Сухангӯи дабири кулли Созмони Милал эълом кард, ки ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ шаби панҷшанбе як минтақаи зист дар Дайр ал-Балаҳро ҳадаф қарор доданд, ки танҳо ҳудуди 200 метр аз панҷ таъсисоти башардӯстонаи вобаста ба Созмони Милал фосила дошт.
Ба гуфтаи вай, артиши Исроил пеш аз анҷоми ин ҳамла ба афроди ҳозир дар минтақа дастур дода буд, ки дар ҷойи худ боқӣ бимонанд. Дар ин ҳамла ба кормандони Созмони Милал осебе нарасидааст.
Дюжаррик гуфт, гузаргоҳи Карам Абусалим пас аз баста шудани гузаргоҳи Зиким ҳамчунон ягона масири фаъол барои вуруди кумакҳои башардӯстона ва молҳои тиҷоратӣ ба Навори Ғазза мебошад.
Вай бори дигар хостори боз шудани гузаргоҳҳои бештар ва иҷозаи вуруди миқдори бештари лавозими зарурии башардӯстона шуд ва афзуд: “Созмонҳои ҳамкори Созмони Милал аз 11 то 17-уми май ба беш аз 10 ҳазор нафар дар Ғазза хадматрасонии равонӣ ва иҷтимоӣ пешниҳод кардаанд, ки нисфи онҳо кӯдакон ва парасторони онҳо будаанд”.
Ин мақоми масъул дар Созмони Милал идома дод: “Ин хадматрасониҳо шомили фаъолиятҳои фароғатӣ, ҷаласаҳои ҳимояти равонӣ ва машварати хонаводагӣ дар паноҳгоҳҳо, мактабҳо ва марказҳои оворагон будааст”.
Ӯ ҳушдор дод, ки идомаи ин хадматрасонӣ ба таъмини сӯзишворӣ, фазоҳои амн ва нерӯи инсонии кофӣ ниёз дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд