3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:01, Душанбе
29.05.2026 14:12

Лубнон аз кушта шудани беш аз се ҳазор лубнонӣ дар ҷанги Исроил ва Ҳизбуллоҳ хабар дод

Вазорати тандурустии оммаи Лубнон эълом кардааст, ки аз 2-юми март то кунун, 3 ҳазору 324 тан бар асари ҳамлаҳои Исроил ба ин кишвар кушта шудаанд.

Шабакаи «Ал-Ҷазира”, рӯзи ҷумъа, 28-уми май, гузориш дода, ки ин омор аз сӯи Вазорати тандурустии оммаи Лубнон мунташир шудааст.

Бар асоси гузориш, Вазорати тандурустии оммаи Лубнон ҳамчунин, гуфтааст, ки дар ҳамлаҳои Исроил бар хоки Лубнон, 10 ҳазору 227 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҷанги Исроил бо Ҳизбуллоҳи Лубнон пас аз он оғоз шуд, ки Ҳизбуллоҳ дар ҳимоят аз Эрон ҳамлаҳое алайҳи Исроил анҷом дод ва ба дунболи он, артиши Исроил минтақаҳоеро дар хоки Лубнон ба сурати густарда бомбаборон кард.

Ҷанги Исроил ва Ҳизбуллоҳ, бо вуҷуди гуфтугӯҳои сиёсӣ миёни мақомоти лубнонӣ ва исроилӣ бо миёнҷигарии Амрико, ҳанӯз ба поён нарасидааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.