3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:02, Душанбе
28.05.2026 11:01

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон аз ҳамла ба як пойгоҳи ҳавоии Амрико хабар дод

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон эълом кард, ки дар посух ба ҳамлаи неруҳои Амрико ба минтақае дар наздикии майдони ҳавоии Бандар-Аббос, як пойгоҳи ҳавоии Амрикоро ҳадаф қарор додааст.

Хабаргузории “Тасним” рӯзи панҷшанбе, 28-уми май ба нақл аз Сипоҳ гузориш дод, ки ин ҳамла соати 4:50-и субҳ ба вақти маҳаллӣ анҷом шудааст.

Бар асоси гузориш, Сипоҳ гуфта, ки ин пойгоҳ маншаи “таҷовуз”-и Амрико будааст, аммо дар бораи мавқеи дақиқи он ҷузъиёте ироа нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки пештар гузоришҳое аз ҳамлаи неруҳои Амрико ба минтақае дар атрофи Бандар -Аббос нашр шуда буданд.

Сипоҳи Посдорон ҳамчунин, ҳушдор дод, ки ҳеч гуна таҷовуз бепосух нахоҳад монд ва ҳар гуна иқдоми низомӣ бо вокуниши қотеътар рӯбарӯ хоҳад шуд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.