3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:03, Душанбе
26.05.2026 18:16

Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил бар Ғазза дастикам ду кушта бар ҷой гузошт

Мақомҳои тандурустии Ғазза гуфтаанд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил бар як сохтмони зист дар шаҳри Ғазза дастикам ду нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар захмӣ шудаанд.

“Ал-Ҷазира” рӯзи 26-уми май ба нақл аз як манбаъ дар шифохонаи “Аш-Шифо” гузориш дода, ки ин ҳамла дар минтақаи Римоли шаҳри Ғазза анҷом шудааст.

Бо идомаи ҳамлаҳои Исроил бар Навори Ғазза, вазъияти инсонӣ дар ин минтақа ҳамчунон буҳронӣ гузориш мешавад ва мақомҳои солимӣ аз афзоиши шумори қурбониён ҳушдор додаанд.

Ҷанг дар Ғазза пас аз ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар 7-уми октябри 2023 оғоз шуд ва аз он замон то кунун ҳазорон нафар мардуми осоишта, аз ҷумла кӯдакон дар ҳамлаҳои Исроил ҷон бохтаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.