3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:03, Душанбе
26.05.2026 08:51

Эрдуғон: “Туркия аз талошҳо барои сулҳ ва субот дар минтақа ҳимоят мекунад”

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар гуфтугӯи телефонӣ бо Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон дар бораи равобити дуҷониба ва таҳаввулоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ гуфтугӯ кардааст.

Дафтари раёсати ҷумҳури Туркия рӯзи сешанбе, 26-уми май, эълом карда аст, ки дар ин тамоси телефонӣ ду тараф бар аҳамияти идомаи ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвияти равобит миёни Анқара ва Теҳрон таъкид кардаанд.

Эрдуғон гуфта, ки Туркия ба ҳимоят аз талошҳо барои сулҳ ва субот дар минтақа аз тариқи гуфтугӯ ва музокирот идома хоҳад дод ва ҳалли буҳронҳои мавҷуд танҳо аз масири дипломатия имконпазир аст.

Ӯ ҳамчунон афзуда, ки даргириҳои ҷорӣ дар минтақа бар фазои Иди Қурбон соя андохта, аммо изҳори умедворӣ кардааст, ки мардуми Эрон битавонанд ин шароити душворро пушти сар бигузоранд ва ба амният ва субот даст ёбанд.

Раиси ҷумҳури Туркия дар ин гуфтугӯ бар аҳамияти идомаи гуфтумонҳо миёни кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои коҳиши танишҳо таъкид кардааст.

Эрдоғон ҳамчунон ба талошҳои кишвараш барои пешбурди равандҳои дипломатӣ дар хусуси буҳронҳои минтақаӣ ишора карда ва гуфта, ки Анқара омодаи идомаи ҳимоят аз ҳар гуна раванди гуфтугӯмеҳвар барои ҳалли ихтилофот аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.