3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:02, Душанбе
25.05.2026 13:44

Исмоил Бақоӣ: “Дар тавофуқи эҳтимолӣ бо Амрико вазъияти тангаи Ҳурмуз мавриди баҳс нест”

Вазорати корҳои хориҷаи Эрон гуфт, ки дар тавофуқи эҳтимолӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, тамаркузи Теҳрон бар хотимаи ҷанг дар тамоми ҷабҳаҳо аст ва баҳсе дар бораи вазъияти тангаи Ҳурмуз вуҷуд надорад.

Хабаргузории Тасним рӯзи душанбе, 25-уми май гузориш дода, ки ин мавзуъро Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон, дар нишасти хабарии ҳафтаина бо хабарнигорон матраҳ кардааст.

Исмоил Бақоӣ гуфтааст, ки тамаркузи музокирот бар хотимаи ҷанг аст ва дар ин марҳила дар бораи барномаи ҳастаӣ суҳбат нахоҳад шуд.

Ӯ дар бораи таваққуфи ҷанг дар ҳамаи ҷабҳаҳо аз ҷумла Лубнон гуфтааст: “Ин дар матни тафоҳум вуҷуд дорад”.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон афзудааст, ки дар тавофуқи эҳтимолӣ баҳсе дар бораи тангаи Ҳурмуз вуҷуд надорад ва чигунагии идораи ин танга марбут ба кишварҳои соҳилӣ мешавад.

Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир барномае барои сафари ҳайати эронӣ ба Покистон вуҷуд надорад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.