Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Вазири хориҷаи Амрико: “Дастёбӣ ба тавофуқ бо Эрон мумкин аст”
Ба гузориши расонаҳои Амрико Марко Рубио, вазири корҳои хориҷаи Амрико дар бораи тавофуқи аввалияи Амрико ва Эрон рӯзи 25-уми май чунин иддао кардааст: “Дастёбӣ ба тавофуқ бо Эрон дар рӯзи душанбе ҳамчунон имконпазир аст. Ё ба як тавофуқи хуб бо Эрон мерасем ва ё маҷбур хоҳем буд ба шакли дигаре бо ин мавзуъ бархӯрд кунем”.
Рубио афзуд: “Пеш аз он, ки вариантҳои ҷойгузинро баррасӣ кунем, ба дипломатия ҳар гуна фурсат барои муваффақият хоҳем дод”.
Вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин, дар бораи мавзуи ҳастаии Эрон чунин иддао кардааст: “Имкони ҷиддӣ барои ворид шудан ба музокирот бо муддати замони маҳдуд дар хусуси парвандаи ҳастаии Эрон вуҷуд дорад”.
Иддаоҳои Марко Рубио дар ҳоле матраҳ мешавад, ки соатҳое пеш як манбаи огоҳи Эрон ба хабаргузории “Тасним” гуфтааст: “Эрон ҳеч гуна хушбинӣ ба Амрико надорад ва табодули паёмҳо аз тариқи миёнарави покистонӣ низ доиман бо дар назар гирифтани бадбинӣ ба давлати Амрико сурат мегирад.
То ин лаҳза тафоҳуми ниҳоӣ ҳосил нашудааст ва чолиш дар баъзе бандҳо идома дорад, аммо ҳатто агар тафоҳуми аввалияе низ сурат бигирад, ба маънои тағйири нигоҳи Эрон ба Амрико ва итминон аз иҷрои уҳдадории ин давлат нест.
Амрикоиҳо дар музокирот собиқаи бисёр баде доранд, ки бадбиниҳоро тақвият ва собит мекунад. Бинобар ин, ҳатто агар тафоҳуме низ сурат бигирад Эрон дар ҷараёни пас аз эъломи тафоҳум, иқдомоти Амрикоро зери назар хоҳад гирифт ва дар сурати нақзи аҳд, Эрон абзорҳои худ барои муқобилият бо онро ҳифз хоҳад кард”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд