3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:02, Душанбе
25.05.2026 09:32

Вокуниши тунди 8 кишвари исломӣ ба рафтори шармовари Бен-Гвир бо фаъолони новгони “Сумуд”

8 кишвари арабӣ ва исломӣ рафтори Бен-Гвир бо фаъолони “Новгони ҷаҳонии Сумуд”-ро шармовар ва поймол кардани каромати инсонӣ донистанд.

Ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ 8 кишвари арабӣ ва исломӣ бо интишори баёнияи муштарак, бадрафторӣ ва таҳқири фаъолони боздоштшудаи “Новгони ҷаҳонии Сумуд” тавассути Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилии режими Исроилро башиддат маҳкум карданд ва онро нақзи ошкори каромати инсонӣ донистанд.

Ин баёния тавассути вазирони корҳои хориҷии Миср, Арабистони Саудӣ, Қатар, Иморот, Урдун, Туркия, Покистон ва Индонезия содир шудааст.

Бен-Гвир, вазири режими Исроил рӯзи чоршанбе наворе аз боздошти фаъолони Новгони Сумуд, ки бо ҳадафи шикастани муҳосираи Навори Ғазза озими ин минтақа буданд мунташир кард. Дар ин тасвирҳо, фаъолони дастбаста дар ҳоле дида мешаванд, ки ба зону даромада ва маҷбур ба шунидани суруди режими Исроил шудаанд: тасвирҳое, ки бо ҳузури таҳрикомез ва суханони тавҳиномези вазири амнияти дохилии Исроил ҳамроҳ буд.

Интишори ин навор мавҷи хашми байналмилалиро ба ҳамроҳ дошт ва кишварҳои мухталифе, аз ҷумла Испания, Канада, Ҳолланд, Фаронса, Италия, Зеландияи Нав, Португалия ва Австралия дар эътироз ба ин иқдом сафирон ё намояндагони дипломатии Исроилро эҳзор карданд.

Вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои имзокунанда рафтори Бен-Гвирро “ваҳшатнок, таҳқиромез ва ғайриқобили қабул” тавсиф карда ва таъкид карданд, ки ин иқдоми барқасдона нақзи сареҳи уҳдадории қонунии Исроил дар ҷомеаи байналмилалӣ аст.

Дар бахши дигари ин баёния омадааст, ки рафторҳои таҳрикомези Бен-Гвир на танҳо ба густариши нафрат ва ифротгароӣ доман мезанад, балки монеаи бузурге дар масири талошҳои дипломатӣ барои амалӣ намудани сулҳи одилона ва пойдор маҳсуб мешавад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.