Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Гузоришгари махсуси Созмони Милал хостори муҳофизат аз киштии кумакрасон ба Ғазза шуд
Франческа Албанезе, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури Фаластин, аз кишварҳои ҳавзаи Баҳри Миёназамин хост, аз киштиҳои кумакрасон, ки ба сӯи Ғазза дар ҳоли ҳаракат ҳастанд, муҳофизат кунанд.
Франческа Албанезе, рӯзи душанбе, 18-уми май дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки кишварҳои ҳавзаи Баҳри Миёназамин бояд аз киштиҳои ғайринизомӣ, ки талош доранд “муҳосираи наслкушӣ”-и Исроил алайҳи Ғаззаро бишкананд, муҳофизат кунанд.
Албанезе ҳамчунин, аз давлатҳо хостааст, ки муҳосираи Ғаззаро поён диҳанд ва адолатро барқарор намоянд.
Фаъолони мудофеи ҳуқуқи башар, ки озими Навори Ғазза ҳастанд, эълом кардаанд, ки шиноварҳои ношиносе дар наздикии корвони онҳо дар обҳои байналмилалӣ дида шудааст.
Бо ин ҳол, пеш аз ин низ Исроил ба корвонҳои кумакрасони башардӯстона иҷозаи вуруд ба Навори Ғаззаро надода буд.
Вазъияти ҳуқуқи башар дар Ғазза ба нуқтаи буҳронӣ расида ва ҳамлаҳои пайваста, муҳосираи тӯлонӣ ва тахриби густардаи зерсохтҳо, зиндагии миллионҳо инсонро ба марзи фурӯпошӣ расондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд