Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Тасним: Эрон матни наверо дар 14 банд ба воситаи Покистон пешниҳод кард
Расонаҳои эронӣ хабар додаанд, ки Теҳрон, ҷадидтарин матни худро дар 14 банд ба воситаи покистон таҳвил додааст.
Хабаргузории “Тасним” рӯзи душанбе, 18-уми май гузориш дод, ки матни пешниҳодии Эрон аз тарафи воситаи покистонӣ ба Амрико таҳвил дода шудааст.
Як манбаи огоҳи эронӣ гуфтааст, ки Амрико ахиран дар посух ба матни пешини Эрон, ки он ҳам дар 14 банд ироа шуда буд, матне ирсол карда буданд.
Гуфта шудааст, ки Эрон низ муҷаддадан бар асоси равиши чанд вақти ахир дар табодули паём, матни худро пас аз анҷоми ислоҳот, дубора дар 14 банд ба воситаи покистонӣ ироа кардааст.
Бар асоси гузориш, матни ҷадиди Эрон бар мавзуи музокирот, поёни ҷанг ва иқдомоти эътимодсози тарафи амрикоӣ мутамарказ аст.
Ин дар ҳолест, ки Сайид Муҳсин Нақавӣ, вазири дохилаи Покистон барои дидор бо мақомҳои эронӣ дар як сафари дурӯза ба Теҳрон сафар кардааст.
Пештар, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ба расонаҳо гуфта буд, ки музокирот миёни Эрон ва Амрико аз тариқи Покистон идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд