3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:03, Душанбе
18.05.2026 10:29

Арабистони Саудӣ аз сарнагун кардани се ҳавопаймои бесарнишин аз самти Ироқ хабар дод

Вазорати мудофиаи Арабистони Саудӣ эълом кардааст, ки се ҳавопаймои бесарнишин пас аз вуруд ба ҳарими ҳавоии ин кишвар, раҳгирӣ ва сарнагун карда шудаанд.

Туркӣ ал-Моликӣ, сухангӯи Вазорати мудофиаи Арабистони Саудӣ, рӯзи якшанбе, 17-уми май гуфтааст, ки ин ҳавопаймоҳо субҳи имрӯз аз хоки Ироқ партоб шуда ва пеш аз расидан ба ҳадафи эҳтимолӣ дар дохили хоки Арабистон тавассути неруҳои дифоии ин кишвар аз байн бурда шудаанд.

Дар эъломияи Вазорати мудофиаи Арабистон омадааст, ки ин кишвар “ҳаққи посухгӯӣ дар замон ва макони муносибро маҳфуз медорад” ва ҳар гуна иқдоми лозими амалиётиро барои муқобилият бо талошҳо ҷиҳати нақзи ҳокимият, амният ва ҷони шаҳрвандон ва сокинони худ иҷро хоҳад кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.