Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе дастаи "Ал-Арабӣ"-и Қувайтро шикаст дод
Корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ дар Кӯлоб босуръат идома доранд
Имрӯз, 4-уми май бо мақсади таъмини идомаи босуръати корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ баргузор гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияҳои махсуси соҳавӣ ва гурӯҳҳои корӣ ба маҳаллаҳо ва минтақаҳои зарардида сафарбар гардида, корҳои муайянсозии пурраи ҳаҷми хисороти расида ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ, роҳҳо ва заминҳои кишоварзӣ бо суръат идома доранд.
Манбаъ меафзояд, ки бо истифода аз техникаҳои махсус ва ҷалби сохторҳои марбута корҳои тозакунии роҳҳои нақлиётгард аз лой, сангреза ва дигар монеаҳо тақвият ёфта, масъулон барои барқарор намудани ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар қитъаҳои аз офат осебдида тадбирҳои иловагӣ амалӣ намуда истодаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки гурӯҳҳои муҳандисӣ ва мутахассисони соҳа ба барқарорсозии хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳои обтаъминкунӣ, алоқа ва дигар иншооти муҳими хизматрасонӣ машғул буда, барои ҳарчи зудтар ба ҳолати муътадил баргардонидани фаъолияти онҳо корҳои мушаххас анҷом дода мешаванд.
“Бо мақсади пешгирии такрори чунин ҳолатҳои фавқулода, корҳои муҳандисӣ ва профилактикӣ, аз ҷумла тоза намудани маҷрои рӯдхонаҳо, ҷӯйборҳо ва заҳбурҳо, инчунин мустаҳкамсозии соҳилҳо дар мавзеъҳои хавфнок идома доранд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад