«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Қабули ҳуҷҷатҳо ба Донишгоҳи COMSATS-и Исломобод оғоз шуд
Маркази барномаҳои байналмилалӣ хабар дод, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар барномаҳои таҳсилоти магистратура ва докторантураи Донишгоҳи COMSATS-и Исломободи Покистон барои соли таҳсили 2026 оғоз гардид.
Манбаъ меафзояд, ки довталабоне, ки бурсияи таҳсилро ба даст меоранд, 100 фоиз маблағи таҳсил аз ҷониби донишгоҳ пардохт мегардид.
Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки довталабон маблағи яквақтаи дохилшавӣ (80 доллари ИМА) бақайдгирии ҳар семестр (25 доллари ИМА), хароҷоти сафар, гирифтани раводид (виза) ва истиқоматро пардохт мекунанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар донишгоҳи мазкур зиёда аз 119 самти таълимӣ дар зинаҳои гуногуни таҳсилот (бакалавр, магистратура ва PhD) пешниҳод мегардад, ки довталабон метавонанд мутобиқ ба ихтисоси худ интихоб намоянд.
Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти иловагӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» муроҷиат кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад