Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
"Кортро дигар наздик накунед". Чӣ тавр ин мушкилро дар "Сити корт" ҳал кунем?
Як хонандаи Dialog.tj дар паёме иброз дошт, ки "Сити корт" бо тарофаи "тахфифӣ" дорад. Бо вуҷуди он ки дар корташ зиёда аз 60 сомонӣ ҳаст, дар автобус ва троллейбус баробари гузоштани корт ҷумлаи "Кортро дигар наздик накунед"-ро мешунавад.
Ин мушкилро мо пайгирӣ кардем ва аз масъулини "Сити корт" пурсидед.
- Аслан, шарти асосии ба тарофаи "тахфифӣ" пайваст шудан ин аст, ки мусофирон корти худро зиёда аз 90 сомонӣ пур мекунанд. "Тарофаи "тахфифӣ"-и кортҳои нақлиётӣ се моҳ муҳлат дорад. Яъне, шаҳрвандон тӯли се моҳ корташонро бояд ҳадди ақал як маротиба бо маблағи зиёда аз 90 сомонӣ пур кунанд. Дар ҳолати зиёда аз се моҳ пур накардани корт бо зиёда аз 90 сомонӣ, пардохт аз рӯйи тарофа қатъ мегардад. Роҳи ҳалли ин мушкил пур кардани корт аст, - посух доданд аз "Сити корт".
Ёдовар мешавем, ки пардохт дар автобус ва троллейбусҳои пойтахт тариқи "Сити корт" аз соли 2018 инҷониб ба роҳ монда шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд